Шарҳ:
Дар китоби шеърҳои адиби тавонову хушсалиқа Саидбег Саидӣ, ки "Моҳи Хатлон" ном дорад, меҳри беандоза нисбати Ватан, обу хоки диёр, нигаҳдошти мероси аҷдодӣ ва ишқи поки беолоиш васф шудааст. Шумо бо ворид кардани ин китоб ба рӯйхати китобҳои электронии компиютер ва телефонҳои ҳамроҳи худ хаёлан ба мавзеҳои зебову таърихии кишвари Ҳиндустон сафар менамоед, зеро муаллиф чун узви фаъоли "Анҷумани адабии Бедил"-и кишвари Ҳиндустон ашъори ин китобро борҳову борҳо бо лаҳҷаи ширини тоҷикӣ дар бораи Кашмиру дигар мавзеҳои дилрабои ин мамлакати афсонавӣ қироат намуда, мухлисони шеърро мафтуни ашъори худ гардонидааст.
Дар ин китоб тарҷумаи ҳол ва тавсифи шоиру шеърҳои муаллиф бо оҳангҳои мувофиқу дилчасп танзим шудааст, ки ҳатман ба шумо писанд меояд.