Просмотры: 168 Мысли: 0

Маснвии маънавӣ - 2

Издатель: Нашриёти Адиб
Читатель: (бе овоз)
Часть: Выборка
Страниц: 40
Дата: 18/05/2021
Бесплатно
Скачано: 2
Android
2
Windows
0
Описание:
Ҳикмат ва илми асрори илоҳӣ сипоҳиёни Парвардгоранд, ки бад-он рӯҳи муридонро нерӯ мебахшад. Дониш онҳоро аз шоибаи нодонию додгарӣ, онҳоро аз шоибаи ситаму бахшандагӣ, онҳоро аз шоибаи риёву бурдборӣ, онҳоро аз шоибаи бехирадӣ пок мекунад ва он чиро аз дарёфти охират аз эшон дур аст, ба эшон наздик месозад ва он чиро аз ибодату кӯшиш дар роҳи ҳақ бар онҳо душвор аст, осон мекунад. Ва ин гуна ҳикмат натиҷаи суханони равшани паёмбарон ва далойили онҳо дар исботи вуҷуди Парвардгор аст, суханону далойиле, ки аз асрори Парвардгор огоҳӣ медиҳад ва аз қудрати ӯ, ки ин огоҳӣ аз асрору салтанати илоҳӣ вижаи мардони дилогоҳ аст ва низ ҳамон баййиноту далойил моро огоҳ мекунад, ки Парвардгор чӣ гуна он осмони нуронии равшан ба нури Худои раҳмон ва дурахшанда чун донаи марворидро мегардонад, осмони нуронӣ, ки бар ин осмони тираи гӯймонанд ҳоким аст, ҳамон гуна ки хирад бар ин суратҳои хокию ҳавосси зоҳиру ботини мавҷудот фармон меронад, бинобар ин гардиши он осмони рӯҳонӣ (лоҳут) бар ин осмони дудию тира бар шиҳобҳои дурахшону ситорагони равшан ва насимҳои ҳаётбахшу заминҳои густарда ва обҳои равони даруни он фармон меронад. Умед, ки Парвардгор бандагонашро аз ин ҳикматҳо бархурдор созад ва фаҳми онҳоро фузунӣ бахшад ва албатта ҳар хонандае ба андозаи хирад ва ҳушёрии худ онро мефаҳмад ва ҳар порсое муносиб бо тавоноии худ парҳезгорӣ мекунад.

Поделиться с друзьями:

Мысли:
Логин чтобы написать свои мысли.