рисунок
Обновлено: 12/06/2019 Просмотры: 1116 Мысли: 1 0

Василаи истифода кардани китобҳои пулакӣ

Чандест, ки аз ҷониби муштариёни мо дар мавриди чӣ гуна харидорӣ кардани китобҳои пулакии сомона суол карда мешавад, вале бо ҷавобҳои кӯтоҳ мо натавонистем, ки ба чӣ васила истифода кардан ё харидани китобҳои пулакиро ба онҳо пурра шарҳ диҳем. Имрӯз тасмим гирифтем, ки ин равандро дар қолаби як матлаби комил ба Шумо муштариёни азиз фаҳмонем.

Дуруд азизон ва дӯстдорони китоб! Шуморо ба сомонаи "Эҳёи китоб"-www.sipos.tj хушомадед мегӯем ва бовар дорем, ки бо истифодаи китобҳои таҳиянамудаи мо хазинаи маърифати худро бой мегардонед. Чандест, ки аз ҷониби муштариёни мо дар мавриди чӣ гуна харидорӣ кардани китобҳои пулакии сомона суол карда мешавад, вале бо ҷавобҳои кӯтоҳ мо натавонистем, ки ба чӣ васила истифода кардан ё харидани китобҳои пулакиро ба онҳо пурра шарҳ диҳем. Имрӯз тасмим гирифтем, ки ин равандро дар қолаби як матлаби комил ба Шумо муштариёни азиз фаҳмонем.Барои ин шуморо зарур аст, ки чанд даққиқа вақти худро ҷудо намуда мақоларо аз аввал то охир бо диққат мутолиа намоед.Оғоз мекунем! Масалан, шумо тавассути таблиғот ё сомонаҳои иҷтимоӣ огоҳ шудед, ки мо китоби "Гулистон"-и Шайх Муслиҳиддин Саъдӣ Шерозиро дар шакли гӯё таҳия намудаем ва зуд аз пайи дастрас кардани он шудед, вале чанд маротиба кӯшишҳои шумо барои харидорӣ кардани қисми якуми ин асар аз сомонаи мо бенатиҷа анҷом ёфт.Вале озурда нашавед.Ин лаҳза ба шумо мегӯем, ки ин китобро чӣ гуна харидорӣ карда, тавассути телефони ҳушманди ҳамроҳ ё компиютери корию ноутбук истифода бурда метавонед. Китоби "Гулистон" фақат барои мисол аст.Шумо метавонед ба василае, ки ҳоло нишон медиҳем дигар китобҳоро низ харидорӣ намуда, баҳра бардоред.

Қадами аввал.Чун шумо ба сомона ворид гаштед барои осон шудани кор қисмати ҷустуҷӯии китобҳоро пайдо сохта, китоби дилхоҳ ва мавриди назаротонро дар он нависед.Масалан, чун китоби даркорӣ ва интихобнамудаатон "Гулистон" аст, пас шуморо зарур аст, ки қисме аз номи ин китоб, яъне Гул...-ро ба қисмати ҷустуҷӯӣ ворид созед.Дар ин ҳолат исми пурраи китоби даркориятон пайдо мешавад ва шумо рӯи он зер намуда, ба ҷои лозимӣ ворид мешавед.Аммо фикр мекунам, ки шумо то инҷо дар андешаи он будед, чӣ гуна метавон китобҳои пулакиро аз китобҳои таҳияшудаи ройгон фарқ намуд.Пас, дар ин қисмати матлаб ин масъаларо низ шарҳ медиҳем. Чӣ гуна метавон китобҳои пулакиро аз китобҳои ройгон фарқ кард? Мо барои он ки шумо ба сифати кори мо баҳо диҳед чанде аз китобҳои гӯёро дар шакли озод барои истифодаатон вогузоштаем.Яъне, истифодаи ин китобҳо ройгон буда, бо калимаи "Намуна" ишор шудаанд ва дар онҳо чанд нуқтаи интихобӣ аз китобҳо шунавонида мешаванд. Китобҳои пулакӣ бошанд шакли комил дошта, дар нуқтаи поёнии онҳо рамзи пул ва калимаи "Нур" ишора шудааст. Акнун боз мегардем ба раванди интихоб ва харидории китобҳои пулакӣ.

Қадами дуюм.Шумо алакай тавассути нуқтаи ҷустуҷӯӣ қисми якуми китоби дилхоҳи худ-"Гулистон"-ро пайдо намудед.Дар ин қисмат бо забони интихобкардаи Шумо дар бораи аҳамият ва мазмуну муҳтавои китоби интихобкардаатон, дар мисоли "Гулистон"-и Саъдӣ Шерозӣ маълумоти мухтасар ҷо дода шудааст.Шумо дар бораи шакли ин китоби таҳиякардаи мо аз аксҳои саҳифаҳои китоб, ки дар қисмати поён ҷо дода шудаанд, маълумот мегиред.

Қадами сеюм.Таваҷҷӯҳ намоед!Истифодаи китобҳои таҳиянамудаи мо дар ду шакл пешбинӣ шудааст.Якум барои телефонҳои ҳассоси ҳамроҳ ва дуюм барои компиютерҳои кории уттоқӣ ва ноутбуку нетбукҳо.Акнун интихоб дасти Шумост.Гап сари он аст, ки барои шумо гӯш кардани китобҳои таҳиякардаи мо ба кадом васила қулай ва дастрас аст.Агар шумо китобро барои телефонҳои ҳассоси ҳамроҳатон интихоб намоед, пас бояд рӯи рамзи android зер кунед.Вале агар мехоҳед, ки китоби дилхоҳатон дар компиютери мизӣ ё кориатон садо диҳад, пас шуморо зарур аст, ки рамзи Windows-ро интихоб намоед.

Қадами чаҳорум.Шумо алакай дар шакли Android ё Windows дастрас кардани китоби даркориатон-"Гулистон"-ро интихоб кардед.Акнун барои аз худ кардани китоб шуморо зарур аст, ки болои рамз ё навиштаи "Сабт" зер намоед.Агар шумо худро дар сомонаи мо ба ҳайси муштарӣ сабт накарда бошед, сомона аз шумо дар ин раванд "Логин кардан" ё ба ибораи дигар "Ба рӯйхати муштариён ворид шудан"-ро талаб менамояд.Мушкиле нест.Шумо логин ва рамзи суроғаи электронии худро ворид месозед ва ба ин васила ба почтаатон паёмаке меояд.Шумо паёмакро тасдиқ намуда, ба рӯйхати муштариёни сомонаи мо ворид мешавед.Акнун роҳ ба сӯи хариди китобҳои дилхоҳатон боз шуд.

Қадами панҷум.Шумо худро дар сомонаи мо чун муштарӣ ба қайд гирифтед.Акнун шумо ба харидории китоби дилхоҳатон наздиктар мешавед.Шумо айниҳол ба саҳифаи "Калидҳои ман" ворид мешавед.Вале мебинед, ки калид барои боз кардан надоред.Дар ин ҳолат сабти китоб бефоида аст, зеро бе калид китоб дар телефон ё компиётератон фаъол намегардад.Пас, шуморо зарур меояд, ки аввал калид харидорӣ намоед.Калид, ки харидорӣ шуд имкони сабт кардани китоб пайдо мешавад.Дар қисмат ё саҳифаи "Купит"(Харид) нархи китоби интихобкардаи шумо бо калимаи "Нур" ишора шудааст, яъне "1Нур" 1-сомонӣ муқаррар гардидааст.Масалан, барои хариди қисми якуми китоби "Гулистон" шуморо зарур аст, ки дар суратҳисобатон 7 нур, яъне 7 сомонӣ дошта бошед.Дар ин раванд сомона аз шумо мепурсад, ки ба шарт ва шароити харид мувофиқ ва розӣ ҳастед?Агар розӣ бошед пас рӯи рамз ё калимаи "Купит" зер менамоед.Бо зер кардани ин рамз шумо алакай китобро харидорӣ кардед.Агар шумо дар суратҳисобатон маблағи даркориро надошта бошед бо зер кардани "Купит" калимаи хатогӣ ё ошибка мебарояд.

Агар маблағи даркорӣ дар суратҳисобатон мавҷуд бошад сомона шуморо тавассути саҳифаи "Амалиётҳои ман" аз хариди бомуваффақият хабар медиҳад.Ин дар ҳоле амалӣ мешавад, ки шумо дар суратҳисоби худ малблағи даркориро дошта бошед.Агар суратҳисоби шумо маблағи пешбинишударо надошта бошад, зарур аст, ки шумо ба саҳифаи "Амалиётҳои ман" ворид шуда, рӯйи рамзи "Пур кардани суратҳисоб"(Пополнит баланс) зер намоед.Бо зер кардан ин ибора пешорӯи шумо василаҳои пур кардани суратҳисоб пайдо мешавад.Яъне, ки шумо тавассути терминалҳо, корти миллӣ, барномаҳои "Payvand", "Alif Mobi" ва дигар ҳамкорони тиҷоратии мо, ки исмашон дар ин саҳифа зикр гаштааст, метавонед суратҳисоби худро пур намоед. Баъдан саҳифаи "Калидҳои ман" пешорӯи Шумо мебарояд.Дар ин қисмат калиди охирон харидаи шумо бо ишораи "Озод" ё ба ибораи дигар "Свобода" ба унвони калиди истифоданашуда нишон дода мешавад. Шумо бо истифодаи ин калид имкон доред, ки барномаро дар телефон ва ё компиютери худ боз намоед.

Қадами шашум.Дар гӯшае аз саҳифаи "Калидҳои ман" номи китоби интихобнамудаи шумо мавҷуд аст.Шумо болои он зер карда, саҳифаи китобро боз менамоед.Дар ин саҳифа шумо такроран рӯи рамз ё вожаи "Сабт" зер намоед, зеро ҳоло раванди сабти китоб ба охир нарасидааст.Барои он ки маротибаи аввали сабт шумо калид надоштед.

Акнун, ки калид доред, метавонед раванди сабтро идома диҳед. Чун барнома ё китоби интихобнамудаи шумо дар телефони ҳамроҳатон бомуваффақият сабт шуд, шумо бояд онро ба рӯйхати барномаҳои телефонатон ҳамроҳ намоед ё ба ибораи дигар "Установка" созед.

Акнун китоби гӯё ба рӯйхати барномаҳои телефони ҳамроҳатон дохил шуд.Баъди зер кардани рамзи "Готова" ё "Омода" барнома ба шумо панҷ рақамро нишон дода, талаб менамояд, ки калидро ворид созед.

Ин панҷ рақаме, ки мо ба таври рамзи 12345 ишорааш намудем бояд ба нуқтаи калиди истифоданашуда ворид шавад.Барои ин шуморо зарур аст, ки дар саҳифаи "Калидҳои ман" рӯи калимаи "Свобода"-и истифоданашуда зер карда, панҷ рақамро ворид намоед. Таваҷҷуҳ!Шумо бояд ин панҷ рақамро эҳтиёткорона ва бехато ворид созед, зеро шояд бо як маротиба иштибоҳ ворид кардан ин панҷ рақам калид бекор шавад.

Чун рақамҳо бехато ворид карда шуданд, бояд шумо ба дурустии рақамҳои воридкардаи худ ризоят дода, рӯи калимаи "Қабул" ё "Получит" зер намоед.Баъди гузашти ин раванд калид, ки аз 11 ҳарф иборат аст намоён мешавад.

Калиди мазкурро имкон доред, ки тавассути навиштан ё баргирифтан(копия кардан) ба барнома ворид намояд.Акнун дигар аз Шумо муштарии муҳтарам чизи дигаре талаб карда намешавад.

Шумо китоби дӯстдоштаатонро бомуваффақият ба рӯйхати китобҳои электронии худ ворид кардед.Ин барнома бо фарогирии китоби дилхоҳатон тамоми ҳаёт ба шумо хизмат мекунад.Муҳим он аст, ки шуморо хаста накарда ба шумо китобро хонда медиҳад.

Сомонаи sipos.tj дар андешаи ғанӣ гардонидани хазинаи маърифати шумост!



Мысли:
Логин чтобы написать свои мысли.
hadafnoma77
hadafnoma77

Бисёр ҷолиб!!Мо суратҳисоби худро пур карда ба харидории китобҳо оғоз менамоем.